Тирборони як муҳоҷири тоҷик дар вилояти Волгоград

Як муҳоҷири 26-солаи тоҷик дар вилояти Волгогради Русия аз силоҳи автоматӣ ва туфангча тирборон шуда, бо захмҳои зиёд ба бемористон интиқол ёфтааст. Хабаргузориҳо мегӯянд, кордиҳандае бо тирандозӣ ба ин муҳоҷир норозигии худро аз сифати кори ӯ баён доштааст. Ин кордиҳанда, ки аз ҷои ҳодиса фирор кардааст, дертар ба тавассути нерӯҳои интизомӣ боздошт шудааст.