Медведев буридани ҷангали Химкиро манъ кард

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дирӯз ҷиҳати тавқифи барномаи бунёди шоҳроҳи нави Маскав-Санкт-Петербург, ки бояд аз ҷангали Химкӣ мегузашт, дастур дод. Медведев гуфт, ин сохтмон ба далели ба дасти ӯ расидани дархостҳои мукаррар дар мавриди зарурати таҳқиқи амиқтари тарҳи ин шоҳроҳ мутаваққиф шудааст.
Эътирозҳо ба хотири ҳифзи ҷангали нодири Химкӣ дар вилояти Маскав чанд моҳ боз идома дошт.