Раҳбари "Ормон" даст ба гуруснанишинӣ зад

Ермек Наримбоев, як фаъоли зиндонишудаи мухолифин, даст ба гуруснанишинӣ задааст. Дар ин бора хонуми Наримбоев ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод. Ермек Наримбоев, раҳбари ҷунбиши “Ормон” ва яке аз созмондиҳандагони маъракаи алайҳи раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев, моҳи июни соли равон бо иттиҳоми “беэҳтиромӣ ба додгоҳ ва муқовимат бо полис” барои чаҳор сол маҳкум ба зиндон шуд. Рӯзи 11 август Додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Алмаато ҳукми аввалияи додгоҳро бетағйир гузошт.
Зоя Наримбоева, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, шавҳараш шурӯъ аз 20 август даст ба гуруснанишинӣ задааст ва талаб дорад, ки Додгоҳи таҷдиди назар парвандаашро аз нав бозрасӣ кунад.
Ҷонибдорони Наримбоев мегӯянд, ки парвандаи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.