Қарор аст, ки имрӯз Маҷмааи Кулли Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи вижаи худ вазъи Покистони бар асари обхезии мудҳиш зарардидаро баррасӣ кунад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар ин нишаст аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ дархост хоҳад шуд, ки ҷамъоварии маблағ барои кӯмак ба Покистонро идома диҳад. Интизор меравад, ки вазири умури хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон дар бораи афзоиши ҳаҷми кӯмаки Вашингтон барои рафъи паёмадҳои обхезии Покистон хабар диҳад.
Гуфта мешавад, ки то имрӯз тақрибан нисфи маблағи барои кӯмаки оҷил зарурӣ ҷамъ оварда шудааст. Ба гуфтаи мақомоти Покистон, дар марҳалаи аввал кишвар ба 460 миллион доллар ниёз дорад. Ва аммо раванди интиқоли кӯмак ба Покистон бо кундӣ идома меёбад. Ба иттилоъи СММ, айни ҳол аз 8 миллион нафаре, ки хонаҳояшон зери об мондаанд, камтар аз як миллион нафар бо хайма таъмин шудаанду халос.
Дар ҳамин ҳол хабар мерасад, ки ба манотиқи ҷанубии Покистон хатари обхезӣ таҳдид мекунад.