Коҳиши башиддати ҳосили картошка дар Тоҷикистон

Бино бар маълумоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ки хабаргузории “Авасто” нашр кардааст, имсол ҳосили картошка дар кишвар ҳамагӣ 253 000 тонна, ё худ чизе дар ҳудуди 36,6 дарсади ҳосили соли 2009-умро ташкил хоҳад дод. Порсол дар Тоҷикистон 691 000 тонна ҳосили картошка ба даст омада буд.
Имсол дар Тоҷикистон дар майдони 12 356 ҳектар картошка кишт кардаанд.