Дар обхезиҳои Аврупо 10 нафар ҷон бохтаанд

Бар асари обхезиҳои ахир дар Аврупои марказӣ дастикам 10 нафар ҳалок шудаанд. 4 нафар дар Ҷумҳурии Чех ғарқ шуда, 3 нафар дар Лаҳистон ва 3 тани дигар – дар Олмон ҷон бохтаанд. Обхезиҳо асосан дар минтақае, ки ин 3 кишвар ҳаммарзанд, рух додааст.