Гушоиши корхонаи муштараки Тоҷкистону Кипр дар Суғд

Дар минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр бо номи "Стар-Мост" гушоиш ёфт. Ин корхона ба тавлиди лулаҳои дорои 230-630 миллиметр машғул хоҳад шуд. Дар маросими гушоиш гуфтаанд, чунин лулаҳо ба фишори баланд тобовар мебошанд. Дар ин корхонаи муштарак тавлиди лулаҳои 20-60 миллиметрӣ низ дар назар гирифта шудааст. Дар марҳалаи аввали фаъолият дар ин корхона 30 нафар кор мекунанд. Дар ин бора хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ додаанд.