Кумитаи мероси ҷаҳонӣ,баррасии масъалаи шомил кардани Парки миллии Тоҷикистон ба феҳрасти мӯътабари Мероси табии башариро ба таъхир андохт. Аз ин рӯ Тоҷикистон метавонад, дигарбора ин маконро барои шомил кардан ба феҳрасти мазкур пешниҳод намояд, вале барои ин кор дасти кам 18 моҳ зарур аст. Парки миллии Тоҷикистонро, ки тамоми кӯҳистони Помирро дар бар мегирад ва аз назари ҷуғрофиё, манзара ва табиат дар қаламрави шӯравии собиқ беназир аст, як номзад барои пазируфтан дар Феҳрасти мероси башарӣ дар нишасти 34-уми Кумитаи мероси башарӣ буд, ки аз 25 июл то 3 август дар Бразилия идома дошт. Ин кумита дар маҷмӯъ 21 макони таърихиву табииро ба феҳрасти Мероси башарӣ шомил кард. Аз ҷумла Саразм ба ҳайси нахустин ёдгории таърихии Тоҷикистон ба феҳрасти мероси ҷаҳонии фарҳангӣ пазируфта шуд, ки ин шаҳраки 5 ҳазорсола дар Панҷакент воқеъ шудааст.