Беш аз 90 000 санади низомии Амрико барои нашр боз шудааст, ки метавонад ҷузъиёти хеле аз паҳлуҳои то ҳол норӯшани ҷанг дар Афғонистонро рӯшан кунад. Нашрияҳои бритониёии The Guardian ва амрикоии Тhe New York
Times мегӯянд, ки ин аснодро ба ин ду нашрия ва ҳафтавори олмонии Der Spiegel созмони Wikileaks ифшо кардааст. Гуфта мешавад, ин аснод аз ҷумла роҷеъ ба қатлҳои нашрнашудаи афроди ғайринизомӣ дар Афғонистон ва ҳам амалиётҳои махфии нирӯҳои вижаи Амрико алайҳи раҳбарони Толибон аст. Амрико ифшои ин аснодро маҳкум кардааст.