Ҷашнвораи Сараево имрӯз ифтитоҳ мешавад

Ҷашнвораи 16-уми филмҳо дар Сараево, пойтахти Босния ва Ҳерзеговина, шоми ҷумъа оғоз ба кор мекунад. Тайи 1 ҳафта дар ин ҷашнвора беш аз 200 филм аз саросари ҷаҳон ба намоиш гузошта шуда, 9 филм барои касби “Қалби Сараево” – шоҳҷоизаи ин сабқат вориди рақобат хоҳанд шуд. Ҷашнвора рӯзи 31 июл бо намоиши филми "Invictus"-и ҳунарманди маъруфи Ҳолливуд Морган Фриман поён хоҳад ёфт. Ҷашнвораи Сараево, дар поёни ҷанги шаҳрвандии Босния, ки ин шаҳр тоза захмҳои муҳосираи чорсолаи нирӯҳои сербро табобат мекард, ҳамчун аломати “муқовимати аҳли фарҳанг” таъсис ёфта буд.