Ҷузъиёти боздошти бародари Қурмонбек Боқиев

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, Аҳмад Боқиев бародари хурдии Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршударо боздошт карданд. Мелис Турғунбоев, муовини вазири умури дохилаи Қирғизистон дар ин бора гуфт: "Аҳмад Боқиев бар асоси чанд банди Қонуни Ҷиноӣ муттаҳам мешавад. Ҳамроҳи ӯ чанд шарикаш низ боздошт шуд. Аз ӯ як туфангча, ниқоб, ришу мӯйлаб ва муйи сунъӣ гирифта шуд." Ба гуфтаи ҳукумати Қирғизистон, Аҳмад Боқиев шоми чаҳоршанбе дар шаҳри Ҷалолобод боздошт шуд. Ба гуфтаи пулис, ӯ эътироф кард, ки дар барангехтани низоъи хунин миёни ӯзбаку қирғизҳо даст доштааст.