Як шаҳрванди Амрико, ки бо таҳдиди қатли муаллифи филми арӯсакии "Боғи ҷанубӣ" барои танз ба паёмбари ислом Муҳаммад машҳур гаштааст, бо иттиҳоми таъмини молии созмони террористии Ал-Шубоби Сомалӣ боздошт шуд. Захарӣ Чессери 20-сола, ки бо номи Абуталҳа Ал-Амрикӣ низ шӯҳрат дорад, ба полис гуфт, ду дафъа талош кардааст, ба Сомалӣ сафар ба гурӯҳи Ал-Шубоб шарик шавад. Мақомот мегӯянд, ӯ ҳамчунин бо рӯҳонии тундрав Анвар Ал-Афлокӣ дар соли гузашта мукотиба доштааст.