Бино ба иттилои вазорати дохилаи Тоҷикистон, дар ноҳияи Истаравшан шахсе бо номи Ислом Ниёзматов-узви Ал-Қоида ва шаҳрванди Узбкистон боздошт шудааст. Маҳмадулло Асадуллоев-сухангӯи вазорати дохилаи Тоҷикистон дар ин бора ба радиои Озодӣ гуфт:
"Солҳои 2005-2006 дар Вазиристони Покистон таълимоти низомӣ-диверсионӣ гузаштааст. Баъд дар чанд амалиёти Ал-Қоида бо экстремистҳо иштирок кардааст".
Қаълан хабаргузориҳо аз номи вазорати дохилаи Тоҷикистон хабар дода баданд, ки дар авоили соли ҷорӣ ду нафар узви Ал-Қоида дар Тоҷикистон боздошт шудаанд.