Ҳимояти байнулмилалӣ аз пешниҳодҳои Ҳомид Карзай

Ҳамоиши байнулмилалӣ дар Кобул аз тарҳи раисиҷумҳури Афғонистон ба интиқоли масъулияти амнияти кишвар ба нерӯҳои давлати Афғонистон дар соли 2014 ва нақши фаротари ин давлат дар корбасти кӯмакҳои байнулмилалӣ пуштибонӣ кард. Ҳамзамон вакилони ҳамоиш аз ҳукумати Афғонистон хостанд, муборизаи шадид бо фасод ва беҳбуди кори мақомоти давлатро ба роҳ монад. Дабири кулли Созмони Милали Мутаҳид, Бан Ки-мун дар поёни нишаст гуфт, ҳаргиз чунин биниши мушаххаси ояндаи Афғонистон даст надодааст.