Пулиси Ҳинд имрӯз як дипломати ҳиндиро ба ҷосусӣ ба нафъи Покистон муттаҳам кард. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли муовини кумиссари пулис Шибеш Сингҳ гуфт, Мадҳурӣ Гупта, ки то боздошташ дар авоили соли ҷорӣ дар бахши иттилоотии сафорати Ҳинд дар Исломобод кор мекард, тибқи се банди қонуни асрори давлатӣ айбдор шудааст.
Дар сурати собит шудани ин иттиҳомот, хонум Гупта метавонад то 14 сол ҳукми зиндон бигирад.
Дар сурати собит шудани ин иттиҳомот, хонум Гупта метавонад то 14 сол ҳукми зиндон бигирад.