Бино ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс" , 16-ӯми июл дар Истаравшан Садоқат Бобоева- зани 32-сола боздошт шуд. Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, 2-юми июл Садоқат кӯдаки навзоди худро кушта, дар ҳоҷатхонаи ҳавлии худ партофтааст. Як рӯзи пеш, 15-ӯми июл дар яке аз ахлоттӯдаҳои шаҳраки Чкаловски вилояти Суғд ҷасади духтарчаи навзодро пайдо кардаанд. Хабаргузорӣ гуфтааст, мавридҳои куштори кӯдакони навзод ба дасти модаронашон масъалаи душвори ҳаёти ҷомеа боқӣ мондааст.