Нахустин сафари хориҷии Отунбоева шурӯъ шуд

Роза Отунбоева, раисиҷумҳури нави Қирғизистон, барои нахустин бор дар мақоми нав ба хориҷи кишвар сафар кард. Ба иттилоъи дафтари матбуоти ҳукумати муваққати Қирғизистон, ӯ дар шаҳри Остана дар нишасти сарони кишварҳои узви ЕарАзЭс – Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ширкат мекунад. Дар чаҳорчӯби ин сафар музокироти дуҷонибаи Роза Отунбоева бо ширкаткунандагони нишаст тарҳрезӣ шудааст.
Роза Отунбоева рӯзи шанбе ба ҳайси раисиҷумҳури нави Қирғизистон савганд ёд кард. Ӯ то 31 декабри соли 2011 сарварии давлат ва то интихоботи парлумонии моҳи октябри соли равон раёсати кобинаи вазирони Қирғизистонро бар ӯҳда хоҳад дошт.