Имрӯз боз ду даста ба чаҳорякфинал роҳ хоҳанд ёфт

Имрӯз дар чаҳорчӯби бозиҳои ҳаштякфиналии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, ки дар Африқои ҷанубӣ ҷараён дорад, дастаҳои Ҳоланд ва Словакия ва Бразилия ва Чилӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. То имрӯз дастаҳои Уругвай, Гана, Олмон ва Аргентина ба бозиҳои чаҳорякфиналӣ роҳ ёфтаанд.