Боздиди Медведев аз Амрико оғоз мешавад

Имрӯз боздиди серӯзаи Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз Амрико оғоз мешавад. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин боздид густариши ҳамкориҳо баррасӣ шавад. Дар барномаи ин боздид мулоқот бо Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико низ ба нақша гирифта шудааст. Қарор аст, ки Медведев рӯзи чаҳоршанбе дар оғоз аз водии Силикон аз маркази технологияи пешрафтаи Амрико дар шимоли Калифорния боздид кунад.