Бозии Зеландияи нав ва Словакия мусовӣ анҷом ёфт

Имрӯз дар рӯзи 5-уми мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои ҷанубӣ тимҳои Зеландияи наву Словакия ба дидори ҳам рафтанд. Ин рақобат бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 поён ёфт. Дар ин лаҳзаҳо бозии байни тимҳои кишвари африқоии Соҳили Оҷ ва Португалия идома дорад. Ва шоми имрӯз Бразилия бо Кореяи шимолӣ вориди рақобат хоҳанд шуд.