Тибқи ахирин хабарҳо аз шаҳри Ӯши Қирғизистон шумораи кушташудагон дар нооромиҳои ин шаҳр ба 37 нафар ва шумораи афроди захмӣ ба 500 нафар расидааст. Ҳукумати муваққатии Қирғизистон дар ин шаҳр ва се ноҳияи атрофи он вазъи изтирорӣ эълон кардааст. Роза Отунбоева- раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон зимни суханони худ аз телевизиони кишвараш гуфт:
"Дар натиҷаи тадобири гирифта ба мо муяссар шудааст, ки талошҳои урсурҳои харобкорро боздорем. Нируҳо ба нишонаи ҳушдор ба ҳаво тир андохтанд. Техникаи зиреҳҳдори низомӣ барои таъмини амнияту оромӣ вориди шаҳр шудаст".
Садҳо нафар ҷавонон шаби панҷшанбе ба ҷумъа бо аслиҳа ва чӯбу пораҳои оҳан дар даст шабона дар кӯчаву хиёбонҳо бар зидди якдигар ҷангиданд. Дар ҷараёни ин нооромиҳо шишаҳои мағозаҳоро шикастаанд, мошинҳоро оташ задаанд ва мағозаҳоро тороҷ кардаанд. Бино ба хабарҳо, ин нооромиҳо ангезаи миллӣ доштааст ва миёни қирғизҳо ва узбакҳои ин минтақа рух додааст. Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ аз ҳукумати муваққатии Қирғизистон хост, ки ба масъалаҳои миёни қавмҳои сокин ва муносиботи байни онҳо дар кишвараш таваҷҷуҳи хос дошта бошад.