Амрико имзои қарордоди газро ташвиқ мекунад

Ричард Морнингстар-фиристодаи аршади Амрико имрӯз аз Озарбойҷону Туркия хост, ки қарордоди деринтизореро дар бораи каридори транзити газ имзо кунанд. Морнингстар-фирситодаи вижаи Амрико дар умури энержии Авруосиё гуфт, ин тарҳ барои ҳифзи барномаҳои Ғарб ҷиҳати коҳиши пойбандии Аврупо аз гази Русия муҳим аст.