Ҷоизаи "Қиёми рӯз" дар ҷашнвораи Тарковский

Ҷоизаи беҳтарин ҳунарпешаи мард дар ҷашнвораи байналмилалии “Ойина” ба номи коргардони маъруфи рус Андрей Тарковскийро ҳунарпешаи рус Андрей Назаров ба даст овард. Ин ҷоиза ба Назаров барои иҷрои нақши асосӣ дар филми “Қиёми рӯз”-и коргардони тоҷик Носир Саидов эъто шуд. “Қиёми рӯз” қаблан дар як ҷашнвораи минтақавӣ дар Эрон низ соҳиби ҷоиза шудааст. Аммо шоҳҷоизаи ҷашнвораи “Ойина” дар шаҳри Ивановои Русияро филми “Меваи мамнӯъ”, маҳсули коргардони финн Доме Карукосӣ соҳиб шуд.