Зимни баҳси Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз" ва барои таҳқиқи вазъи истифода аз роҳи пулакии Душанбе -- Чаноқ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ва иттиҳодияҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон як ҳайати давлатӣ таъсис ёфт. Хабаргузории "Азия-Плюс" мегӯяд, ин ҳайат ҳамчунин бояд таҳдоби ҳуқуқии фаъолияти "Инновейтив Роуд Солюшнз" ва ҷои дақиқи сабтиноми онро муайян кунад.