Ҳузури дигарон дар кабинаи ҳавопаймои Лех Качинский

Яке аз мақомоти аршади ҳавоии Русия гуфтааст, дар дохили кабинаи халабонони ҳавопаймои Лех Качинский-раиси ҷумҳури фақиди Полша ҳангоми суқути ҳавопаймо дар наздикии шаҳри Смоленски Русия одамони дигар низ будаанд. Ин ҳавопаймо 10-ӯми апрел ба садама дучор шуд ва ҳамаи 96 сарнишини он, аз ҷумла Лех Качинский-раиси ҷумҳур ва хонуми вай, кушта шуданд. Татяна Анодина-раиси кумитаи байнидавлатӣ барои кишварҳои Шӯравии собиқ мегӯяд, бозрасиҳо собит сохтааст, ки дар кабина ба ҷуз аз халабонон дигарон низ будаанд ва садои яке аз онҳо шиносоӣ шудааст.