Карзай: Ғарб музокира бо Толибонро дарк кардааст

Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ҳоло раҳбарони кишварҳои ғарбӣ дарк кардаанд, ки масъалаи сулҳи Афғонистон аз роҳи низомӣ ҳал намешавад ва ба раванди сулҳ бояд Толибонро низ ҷалб кард. Ҳомид Карзай афзуд, вай дар ин бора дар Вошингтон бо Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ҳафтаи гузашта дар ҷараёни боздиди серӯзааш музокироти тулонӣ доштааст.