Миллибанд довталаби раёсати Ҳизби Коргар шуд

Дэвид Миллибанд-вазири пешини корҳои хориҷаи Британия эълон кард, ки омода аст раҳбарии Ҳизби Коргарро бар дӯш бигирад. Баъд аз бохт дар интихоботи порламонӣ Гордон Браун-раҳбари пешини ин ҳизб рӯзи сешанбе аз раёсати ҳизб истеъфо дод. Дар мақоми раҳбарии ҳизб ба ҷуз аз Миллибанд шахсиятҳои дигар низ аз ин ҳизб метавонанд довталаб шаванд.