Телевизионҳои давлатии Эрон мегӯянд, як марди мусаллаҳи номаълуми афғон дар Теҳрон ба сафири Покистон дар Эрон ҳамла бурда, вайро захмӣ кардааст. Бино ба ин хабарҳо, ҳамлакунанда боздошт шудааст. Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Эрон гуфт, сафирро баъд аз ҳамла ба шифохона интиқол додаанд, вале вай дар бораи ҷузъиёти ҳамла ва вазъи сафир маълумот надодааст.