Имрӯз дар Кемерово маросими дафни панҷ қурбонии инфиҷор дар кони ангишти “Распадская” баргузор шуд. Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Русия теъдоди қурбониёни ҳодиса ба 52 нафар расид. Сарнавишти 38 ангишткан то ҳанӯз рӯшан нест. Владимир Путин, сарвазири Русия имрӯз дар як ҷаласа дар шаҳри Междуреченск хостори тафтиши ҷиддии сабабҳои инфиҷор дар кони ангишт гардид. Раҳбари кумитаи тафтишотии Додситонии кулли Русия Александр Бистрикин имрӯз вориди Кемерово шуд.
Инфиҷори аввал дар кони "Распадская" соати 4-и баъд аз зӯҳри рӯзи 9 май рӯх дод. Инфиҷор дуввум дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, 19 тан наҷотбахшон ба зотири кумак ба осебдидагон вориди кон мешуданд. Ҳамаи наҷотбахшон ба ҳалокат расиданд.