Дирӯз бори дигар сатҳи об дар рӯдхонаи Тебалаи Кӯлоб боло рафт. Об аз соҳилҳо берун рафт ва селоб дубора ба Кӯлоб сарозер шуд. Ин селоб нисбат ба селоби шаби 6-ӯм ба 7-ӯми май чандон шадид набудааст. Сокинонро ин дафъа билофосила аз маҳали селоб ба ҷои дигар интиқол додаанд. Дирӯз Ҳамид Абдуллоев-шаҳрдори Кӯлоб дар нишасти хабарие ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар селоби қаблӣ 9 нафар кушта шудаанд. 38 нафари дигар бедарак мебошанд. Аммо Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон шумораи кушташудагонро 15 нафар нишон медиҳад. Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Ҳилоли Аҳмар, «Наҷоти кӯдакон»-и Британия ва ниҳодҳои СММ ба осебдидагони офати табиӣ дар Кӯлоб кумакҳои башардӯстона пешкаш кардаанд. Ин кӯмакҳо аз хаймаҳо ва ашёи рӯзгор иборат аст.