Вуруди 34 вагон ба Хатлон баъд аз 3 моҳи тавқиф

Шаби ҷумъа ба шанбе нахустин қатори иборат аз 34 вагони ҳомили орд баъд аз 3 моҳи таваққуф дар қаламрави Узбакистон вориди вилояти Хатлон шуд. Ширкати давлатии роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, қатори дуввуми вагонҳои орд бояд шоми шанбе ба ин минтақаи ҷануби кишвар ворид шавад.
Мақомоти Тоҷикистон хисороти расида дар натиҷаи тавқифи вагонҳои молу колояш дар ҳудуди Узбакистонро беш аз 100 миллион доллар ҳисоб мекунад.