Бино ба гузоришҳо, Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон ба халабони ҳавопаймое, ки Қурмонбек Боқиевро моҳи гузашта аз Қирғизистон хориҷ кардааст, ҷоизаи давлатӣ дод. Вай ба халабон Игор Бейлин ордени Айбин ё ифтихории дараҷаи дуввум эъто кард, зеро вай тавонистааст бо ҳавопаймо аз ҷануби Қирғизистон Боқиевро ба хориҷ интиқол диҳад. Ба халабонони дигари ин ҳавопаймо низ ҷоизаҳои хурдтар додаанд.