Ҷаноби Ашӯр Эронро мисол овардааст, ки барои 50 километр роҳи пулакӣ маблағи баробар ба 88 дирами тоҷикро мегиранд ва Русияро низ, ки дар он ҷо барои ҳар километр роҳи пулакӣ ду дирами тоҷикӣ пардохт мекардаанд. Бар илова, дар канори ҳар роҳ дар ин кишварҳо роҳи алтернативии ройгон низ будааст.
Роҳи Душанбе-Чаноқ сар аз якуми апрел пулакӣ эълон шуд. Тибқи нархнома, қимати убури ҳар як километри ин роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна – 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна – 1,5 сомонӣ муайян шуд. Шоҳроҳи мазкур 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд поён меёбад.
Мақомоти Тоҷикистон ҳадаф аз пулакӣ кардани ин роҳ пардохти қарзҳои давлати Чин номида буданд, ки дар навсозии шоҳроҳ масраф шудаанд. Роҳи Душанбе–Хуҷанд-Чаноқро ширкатҳои чинӣ бо сармояи 281 миллион доллар навсозӣ кардаанд.
Нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон вокунишҳо ва оқибатҳои аксаран манфӣ ба бор овард. Ронандаҳо аз гаронӣ ва гунаи пардохти роҳпулӣ, мусофирон аз боло рафтани арзиши роҳкиро норозӣ буданд. Нарху навои маҳсулот низ афзоиш ёфт.
Зиёда аз 10 ҳазор нафар аз истиқоматкунандагони масири роҳи пулакии Душанбе -- Чаноқ дар номае ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон хостори бознигарии нархи истифодаи роҳ аз тарафи аҳолии маҳаллӣ шуданд. Онҳо ҳамчунин хостанд, ҷамъоварии маблағ аз истифодаи роҳ аз дасти ширкати хориҷӣ гирифта ва ба ихтиёри мақомоти давлат дода шавад. Дар ин миён садҳо нафар аз сокинони ноҳияи Варзоб бар зидди роҳи пулакӣ дар назди яке аз дарвозаҳои он гирдиҳамоӣ карда буданд.