Пирӯзии Башир дар интихоботи Судон

Раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир дар интихоботи бозе, ки дар ин кишвари шарқи Африқо барои нахустин бор дар 24 соли охир барпо шуд, бо касби 68 дарсади оро ғолиб омад. Умар Башир танҳо раҳбари кишвари дунёст, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳукми боздошташро содир кардааст. Интизор меравад, баъд аз 8 моҳи дигар дар Судон раъйпурсии саросарие баргузор шавад, ки ғолибан бо эълони истиқлолияти ҷануби умдатан масеҳинишини ин кишвари ағлаб мусалмонӣ анҷом шавад.