Таъсиси кумитаи дифоъ аз Боқиев дар шаҳри Ӯш

Дар шаҳри Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон кумитаи дифоъ аз раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев таъсис ёфт. Тӯлон Дӯконбоев, як фаъоли маҳаллии ҳуқуқи башар гуфт, ҳадафи ин кумита ба мардум фаҳмондани моҳияти ғайриқонунии барканории Боқиев аз мақом ва таъмини бозгашти ӯ ба Қирғизистон аз паноҳгоҳи феълиаш –Беларус мебошад.
Масъулини ин кумита мӯътақиданд, ки Боқиев бояд баргардад ва 4 соли боқимонда аз давраи дуввуми раёсаташро пурра адо кунад. Қурмонбек Боқиев дар натиҷаи ошӯбҳои рӯзи 7 апрел ибтидо аз пойтахт, шаҳри Бишкек ба зодгоҳаш – вилояти Ҷалолобод ва ҳафтае баъд аз кишвар фирор кард. Ӯ феълан бо аҳли хонаводааш дар Минск паноҳ мебарад.