Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ сафареро ба Чин оғоз кард, ки дар ҷараёни он бо мақомоти ин кишвар дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Интизор меравад, дар ҷараёни сафари ӯ Тоҷикистон чанд созишномаи навро бо Чин ба имзо хоҳад расонд. Дар роҳи бозгашт ба ватан Зарифӣ аз Урумчӣ дидан тхоҳад кард.