Имрӯз дар Таллин, пойтахти Эстония, нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО идома хоҳад кард. Дар ин нишаст масоили марбут ба равобити Паймони НАТО бо Русия ва интиқоли тадриҷии назорати таъмини амнияти Афғонистон аз нерӯҳои НАТО ба сохторҳои қудративу амниятии кишвар баҳсу баррасӣ мешавад.
Дирӯз вазирони умури хориҷа сари мавзӯъи амнияти ҳастаӣ тамаркуз карданд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи ИМА, изҳор намуд, ки Вошингтон алҳол силоҳи тактикии ҳастаии худро аз қаламрави Аврупои ғарбӣ берун карданӣ нест. Ба гуфтаи хонум Клинтон, ин гом мутобиқ ба созиши ҳосилшуда бо Русия аст.