Пирӯзии "Байерн"-и Мюнхен бар "Олимпик"-и Лион

Дастаи "Байерн"-и Мюнхен дар бозии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳо дастаи "Олимпик"-и Лионро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро ба дарвозаи "Олимпик" бозигари ҳолландии "Байерн" Роббен дар ҳоле зад, ки ба ивази бозигари бо корти сурх рондашуда Френк Риберӣ ба майдони сабз баромад.