Дар нишасти навбатии порлумони Тоҷикистон мавзӯъи ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо як силсила созмонҳои байнулмилалӣ ва порлумонҳои кишварҳои дигар матраҳ буд. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон, ба Озодӣ хабар дод, ки вакилони порлумон дар бораи таъсиси гурӯҳҳои миллӣ дар иттиҳодҳои порлумонии шуморе аз созмонҳои байнулмилалӣ, назири Созмони амнияти ва ҳамкории Аврупо (САҲА), Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО), Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), ИДМ, Конфронси исломӣ, Ассамблеяи порлумонҳои Осиё, Комиссияи байнипорлумонии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Думаи Русия ва ғ. сӯҳбат кардаанд. Олимҷон Салимзода, раиси яке аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, гуфтааст, таъсиси гурӯҳҳои миллии порлумони Тоҷикистон дар он иттиҳодҳои порлумонии байнулмилалӣ «эътибори порлумони касбии кишварро дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ боло мебардорад». Ҳамчунин, мавзӯъи дигари нишасти дирӯзаи порлумони Тоҷикистон густариши ҳамкориҳо бо порлумонҳои Туркия, Арманистон, Беларус, Вйетнам, Чин, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, ҳар ду Кореяҳо, Куба, Озарбойҷон, Покистон, Ҷопон, Олмон, Узбакистон, Ҳиндустон, Афғонистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб будааст. Созишнома оид ба нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи Паймони аҳдномаи дастаҷамъӣ ва лоиҳаои қонун оид ба вориди тағйирот дар кодекси оила низ дар нишаст баррасӣ шудаанд.