Тобути раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинский тавассути ҳавопаймои нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар ба Варшава интиқол ёфт. Тобутро дар фурудгоҳ кафили раёсатҷумҳурии Лаҳистон Бронислав Коморовскӣ, сарвазир Доналд Туск, сиёсатмадорону ходимони давлатии кишвар пешвоз гирифтанд. Баъд аз маросим дар фурудгоҳ корвони мошинҳо бо тобути Качинскӣ сӯи Кохи раисиҷумҳур роҳ гирифт, ки он ҷо маросими видоъ бо раисиҷумҳур баргузор мешавад. Рӯзи дафни сарвари Лаҳистон ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Нимарӯзӣ мардуми Лаҳистон ба ёди раисиҷумҳур Лех Качинскӣ ва дигар қурбониёни суқути ҳавопаймо дар шаҳри Смоленски Русия ду дақиқа сукут карданд. Раисиҷумҳури Лаҳистон ва гурӯҳи бузурги сиёсатмадорону донишмандони лаҳистонӣ субҳи рӯзи шанбе бар асари суқути ҳавопаймо дар канори фурудгоҳи шаҳри Смоленски Русия ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилоъи ахир, дар ин ҳодиса 96 нафар, аз ҷумла се муовини раиси Сейм, раиси Бонки Миллӣ, раиси ситоди Артиш, муовини вазири умури хориҷа, вакилони парлумон, муаррихон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва рӯҳониёни маъруфу хабарнигорон ҷон бохтаанд.
Қарор буд, ки рӯзи шанбе Лех Качинский дар маросими ёдбуди қурбониён дар маҷмааи ёдгории “Катин” дар вилояти Смоленск ширкат кунад.
Дар Лаҳистон ба ёди қурбониёни фоҷиа як ҳафта мотами миллӣ эълон шудааст. Шурӯъ аз рӯзи шанбе мардум дар назди Кохи раёсатҷумҳурӣ дар Варшава ҷамъ омада, он ҷо гул мегузоранд ва шамъ фурӯзон мекунанд.