Нӯҳуним сол ҳукми зиндони писари Гамсахурдиа

Тсотне Гамсахурдиа, фарзанди раисиҷумҳури собиқи Гурҷистон Звиад Гамсахурдиа бо ҷурми куштор ва ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ба нӯҳуним соли зиндон маҳкум шуд. Вакили мудофеъи ӯ Кетӣ Беукаурӣ гуфт, аз ин ҳукми рӯзи панҷшанбе содиркардаи додгоҳи Тифлис шикоят хоҳад бурд.
Тсотне Гамсахурдиа дар моҳи октябр бо иттиҳоми тирандозӣ ва захмӣ кардани ҳамсояаш боздошт шуд. Ӯ иттиҳомотро радд карда, таъқиби худро сиёсӣ ва ба сабаби мухолифаташ ба раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ медонад.
Ду сол пеш ӯ бо иттиҳоми хиёнат низ зиндонӣ шуда буд.
Падари ӯ Звиад Гамсахурдиа дар авоили солҳои 90 раҳбари Гурҷистон буд, вале соли 1992 дар натиҷаи як ошӯб барканор карда шуд ва соле баъд ба таври мармуз даргузашт.