Набарди нави хунин дар Оракзай

Нирӯҳои Покистон як ҳамлаи ҷангиён болои посгоҳи давлатӣ дар минтақаи қабиланишини Оракзай, дар наздикии марзи Афғонистонро рафъ карда ва 15 чирикиро ба ҳалокат расондаанд. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, дар ин задухӯрди чандсоатаи шаби ҷумъа ҳудуди 100 ҷангӣ ширкат дошт.
Як сарбоз низ дар ин набард ҷароҳат бардоштааст.
Нирӯҳои Покистон дар поёни моҳи март дар пайи таъқиби ҷангиёне, ки аз гӯшаҳои дигари устони шимолуғарбӣ ба ҳамин минтақа паноҳ овардаанд, вориди Оракзай шуданд.