Имрӯз дар аёлати Коннектикути Амрико аз як талоши дуздии бонк пешгирӣ шуд, зеро гурӯҳе ба кормандони бонк занг зада гуфтааст, ки барои онҳо як халта пул омода кунанд. Сипас 2 марди машкук қабл аз вақти пешбинишуда ба бонки Фейрфилд омадаанд ва пулис онҳоро боздошт кардааст. Рӯзномаи "Коннектикут Пост" аз қавли Ҷеймс Перес-сержанти пулис навиштааст, афроди машкук чандон "зирак" набудаанд.