Интиқоди О.Оқилов аз "баҳонасозӣ"-и Тошканд

Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дирӯз дар Ню-Йорк бо дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун мулоқот кардааст. Оқилов дар қароргоҳи СММ ба хабарнигорон гуфт, дар қаламрави Узбакистон банд шудани то 1000 вагони ҳомили маводи сӯхту таҷҳизот ва ашёи хом барои корхонаи алюминиии Тоҷикистон натиҷаи баҳонасозиҳои Тошканд аст.
Дирӯз сафири Узбакистон низ ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон эҳзор шуда, ба ӯ дар ин робита як ёддошт супурда шудааст.
Оқил Оқилов дар Ню-Йорк ҳамчунин аз сиёсати энержии Душанбе пуштибонӣ кард ва даъвои Узбакистон дар бораи таъсири манфии бунёди нирӯгоҳҳои Тоҷикистон ба вазъи тақсими об дар минтақаро беасос унвон кард.
Сарвазири Тоҷикистон бо як сафари панҷрӯза аз СММ дидан мекунад.