То 10 март маблағи бадастомада аз фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун ба 770 миллион сомонӣ, муодили 176 миллион доллар, расид. Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, бахши аъзами ин маболиғ – 453 миллион сомонӣ - дар суратҳисобҳои ин вазорат ва 256 миллион сомонии дигараш дар ду бонк “”Ориёнбонк” ва “Агроинвестбонк” ҷамъ оварда шудааст.
Тоҷикистон аз 6 январ ба хотири мустақилона шурӯъ кардани эҳдоси нирӯгоҳи бароияш фавқулодда муҳими Роғун маъракаи густардаи фурӯши саҳмияҳои ин нирӯгоҳро оғоз кард.
Алакай дар моҳи январ аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо 700 миллион сомонӣ ба дасти Душанбе омад, вале баъдан суръати ҷамъоварии маблағҳо бамаротиб кунд шуд ва тайи моҳи феврал ва 10 рӯзи аввали март саҳмияҳои Роғун ба маблағи ҳамагӣ 70 миллион сомонӣ ба фурӯш рафтааст.