Раиси як марказии давлатии ташхиси тиббиву ҷиноӣ дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон бар асари сӯиқасд кушта шуд. Кормандони полис ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, тақрибан соати 9-и саҳар як фарди ношинос сӯи Меирам Шокиров дар ҳоле тир андохт, ки ӯ вориди дафтари кораш мешуд. Баъд аз тирандозӣ қотил аз ҷойи ҳодиса фирор кард. Ба гуфтаи кормандони полис, таҳқиқи аввалия баёнгари қаблан тарҳрезӣ шудани ин куштор аст.