Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қарордоди мабнӣ ба пайвастани кишвараш ба ҳайъати нирӯҳои зудамали Созмони Паймони амнияти дастаҷамъиро имзо кард. Ин эътилофи низомӣ зери назари Русия ба ҷуз аз Қазоқистон боз 5 кишвари шӯравии собиқ – Арманистону Беларус, Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистонро муттаҳид мекунад. Феълан танҳо Узбакистон қарордоди ҳамроҳӣ ба нирӯҳои вокуниши сареъи Паймони амнияти дастаҷамъиро имзо накардааст.