Афзоиши таварруми пули миллӣ дар моҳи январ дар Тоҷикистон 0,7 дарсад будааст. Бино ба гузориши Кумитаи омор, нархи маҳсулоти ғизоӣ низ 0,7 фоиз, вале қимати арзаи хадамот дар кишвар 3 дарсад афзудааст. Арзиши сабати истеъмолӣ дар Тоҷикистон дар поёни моҳи январ барои ҳар узви хонавода 95 сомонӣ баровард шудааст. Вазорати молия барои имсол мизони таваррумро дар ҳудуди 9 дарсад пешбинӣ кардааст.