Иқтисоди Тоҷикистон 4,2 дарсад рушд кардааст

Маҷмӯъи даромади нохолиси миллии Тоҷикистон дар моҳи январ 1 миллиарду 157 миллион сомонӣ, муодили 265 миллион долларро ташкил додааст. Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 дарсад бештар аст.