Ҳалокати 12 ғайринизомӣ дар ҳамлаи мушакии НАТО

Паймони низомии НАТО барои ҳалокати тасодуфии 12 нафари ғайринизомӣ дар Афғонистон маъзарат хост. Ин ҳодиса дар рӯзи дуввуми амалиёти густардаи НАТО алайҳи ҷангиёни толиб дар вилояти Ҳилманд рух дод. Фармондеҳи НАТО генерал Стенлӣ МакКристалл гуфт, нирӯҳои паймон истифодаи он навъи мушакҳоро, ки боиси ҳалокати ғайринизомиён шуд, то анҷоми таҳқиқот муттаваққиф хоҳад кард.
Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай бо изҳори таслият гуфт, қурбониён ҳама узви як хонавода будаанд.